Гуруҳе аз фаъолон, ки номаро таҳия кардаанд, аз тариқи Фейсбук аз хоҳишмандон хостанд, рӯзи 22-юми апрел ба назди Театри опера ва балет дар маркази Душанбе ҷамъ оянд ва зери нома имзо гузоранд.
Дар давоми ду соат дар муроҷиатнома беш аз 200 нафар имзо гузошта, ному насаб ва суроғаи ҷойи зисти худро навиштаанд. Коре, ки дар Тоҷикистон бисёр кам дида шудааст.
Муаллифони муроҷиатнома аз раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хостаанд, барои беэътибор кардани қарор дар бораи нархи Интернет мусоидат кунад. Онҳо навиштаанд: "Боло бурдани нархи интернет истифодаи онро барои шаҳрвандони ҷомеа маҳдуд мекунад ва ба зиндагии онҳо таъсири манфӣ мерасонад."
Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар муроҷиатнома аз зарурат ва аҳамияти Интернет дар зиндагӣ ёдрас шуда, далелҳоеро, ки мақомҳои расмӣ то имрӯз чун зарари Интернет номбар карданд, аз ҷумла зараровар будани Интернет ба сиҳатии инсонро "беасос ва хандаовар" хондаанд.
Шаҳло Иброҳимова, як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аз ташаббускорони ин иқдом, рӯзи 22-юми апрел гуфт, “ҳама зидди боло бурдани нархи Интернет ҳастанд. Мо медонем, ки бисёриҳо тавассути Интернет номаву норозигии худро баён карданд, аммо ин бор хостем имзоҳоро ҳузурӣ ҷамъ кунем ва ба президент дастрас намоем. То бубинанд, ки мардум зидди гароншавии нарх ҳастанд".
Шаҳло Иброҳимова мегӯяд, умедвор аст, ки раиси ҷумҳур ба баҳси давомдори Интернет нуқта мегузорад. Ӯ гуфт, дар муроҷиатнома сабаби мухолифати мардум ба тасмими болоравии нархи интернетро таъкид кардаанд
“Сабабҳо зиёд аст. Масалан, донишҷӯён кори илмӣ менависанд, ё барои имтиҳон омода мешаванд, маводи заруриро дар як фурсати кӯтоҳ аз Интернет пайдо мекунанд. Ё занҳои хонашин бекор намемонанд ва пухтупаз карда, тавассути Интернет мефурӯшанду вазъи зиндагии худро беҳтар мекунанд. Бисёр оилаҳои камбизоат ва беморон тавассути Интернет кумак мегиранд”, - афзуд ӯ.
Бар асоси қарори Хадамоти зиддинҳисорӣ аз рӯзи 4-уми март қимати истифодаи Интернет дар Тоҷикистон аз рӯзи 18-уми апрел боло рафт. Ҳоло истифодаи як гигабайт Интернет дар Тоҷикистон на 30-35 сомонӣ, балки 62 сомонӣ аст.
Дар нома ҳамчунин донишҷӯёни чандин донишгоҳҳо имзо гузоштаанд ва ба бовари ташаббускорон садҳо тани дигар ҳам барои гузоштани дастхати худ алайҳи болоравии нархи интернет изҳори омодагӣ кардаанд.
То имрӯз мардуми зиёд, аз ҷумла созмонҳо ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ норозигии худро нисбат ба ин қарор баён карда, хостори бекор кардани он шудаанд. Аммо то ин лаҳза ин ҳама натиҷае надодааст. Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯянд, баъди ҷамъоварии имзо муроҷиатномаро ба воситаи почта ба президент мефиристанд.