Ссылки доступа

Русия мехоҳад, аз муҳоҷирон харҷи ихроҷашонро рӯёнад


Вазорати умури дохилии Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки муҳоҷиронро вазифадор мекунад, харҷи ихроҷашонро ба ватан пардохт кунанд.

Санад дар сомонаи пешнависи меъёрҳои ҳуқуқӣ нашр шуда, вале ҳоло тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонуни вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия ба порлумон пешниҳод нагаштааст.

Дар ҳоли ҳозир харҷи ихроҷи муҳоҷирон аз будҷаи Русия пардохт мешавад. Вале аз соли 2017 меъёре амал мекунад, ки шахсони мамнуулвурудро вазифадор менамояд, зери назорати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ билети ҳавопаймо ё қатораро аз ҳисоби худ харидорӣ карда, ба ватан баргарданд.

Ҳамчунин бар асоси Қонуни тартиби ворид ва хориҷ шудан аз Русия, шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандие, ки андоз ё пули ҷаримаеро пардохт накардаанд, дубора ба ин кишвар роҳ нахоҳанд ёфт.

Мақомоти Русия намегӯянд, ки барои ихроҷи як шаҳрванди хориҷӣ чи қадар маблағ сарф мекунанд. Вале мақомоти Олмон ҳисоб кардаанд, ки ихроҷи як шаҳрванди хориҷӣ аз ин кишвар 1500 евро харҷ дорад.

Ба иттилои ВУД Русия, соли 2018 вуруди беш аз 253 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ба ин кишвар манъ карда шудааст. Бештари ин афрод аз ҳисоби худ ба ватан баргаштаанд. Дар Русия ҳудуди 10 миллион шаҳрванди хориҷӣ ба сар мебаранд, ки будубоши бештарашон қонунӣ аст.

XS
SM
MD
LG