Ссылки доступа

Толибон барои иштирок дар музокироти Маскав изҳори омодагӣ карданд


Толибони Афғонистон омодагии худро барои иштирок дар музокироти бисёрҷонибаи сулҳ дар Маскав эълон карданд. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 5 ноябр бо такя ба намояндаи баландмақоми Толибон гузориш дод.

Аммо намояндаи ин ҷумбиши ҷангӣ мавҷудияти иҷозаи расмӣ барои сафар ба Русияро рад кард.

Мақомоти Афғонистон ва ИМА аз иштирок дар ин музокирот, ки Кремлин ташкил мекунад, даст кашиданд.

Раҳбарияти Русия ба маъракаи сулҳсозӣ 12 кишвар ва ҳамчунин намояндагони Толибонро, ки барои барқарор кардани қонуни шариат бо ҳукумати Афғонистон ва неруҳои НАТО ҷанг мекунад, даъват карданд. Барои иштирок дар музокирот Эрон, Чин, Покистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон изҳори омодагӣ карданд.

Қаблан мақомоти Амрико борҳо Русияро дар таъмини силоҳҳои вазнин ба Толибон муттаҳам карданд.

Соли 2003 Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва баъдан Додгоҳи олии Русия Толибонро созмони террористӣ эътироф карданд.

XS
SM
MD
LG