Мувофиқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои танфурӯшӣ дар Тоҷикистон аз 10 то 15 рӯз ҳабс ва ё аз панҷсад то ду ҳазор сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст. Қаблан ҷаримаҳо барои танфурӯшӣ аз 400 то 800 сомонӣ буд ва се сол пеш Тоҷикистон андозаи ҷаримаро боло бурд.
Дархости коршиносони Кумитаи пешгирии хушунат алайҳи занони Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 31-уми октябр садо дод. Замоне ки чанд мансабдори баландпояи Тоҷикистон дар ин кумита дар шаҳри Женева гузориши худро ироа мекарданд.
Ҳайати Тоҷикистонро Юсуф Раҳмон – додситони кулл – роҳбарӣ ва Идигул Қосимзода – раиси Кумитаи занон ва Гулнора Ҳасанова – раиси Оҷонси омор ҳамроҳӣ доштанд.
Коршиноосни Кумитаи пешгирии хушунат алайҳи занони СММ дар шаҳри Женева гуфтанд, ки дар тавсияҳои қаблӣ аз Тоҷикистон хоста буданд, ки ҷазо барои танфурӯширо аз байн бибаранд ва барои коҳиш додани талабот ба хадамоти шаҳвонӣ тадбир андешанд. Яке аз коршиносони ин кумита хонум Ҷаҳон аз мақомоти Тоҷикистон дар ин нишаст пурсид, Тоҷикистон барои аз байн бурдани ҷазо барои занони танфурӯш ва коҳиш додани талабот ба хадамоти шаҳвонӣ чӣ кор кардааст?
Дар посух ба ин суол Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, гуфт, “тавре дар маърузаам низ гуфтам, дар Тоҷикистон барои танфурӯшӣ ҷавобгарии ҷиноӣ вуҷуд надорад. Барои ин кирдор танҳо ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст”.
Аммо ташкили фоҳишахона ва ё ҷалби духтарон ба фоҳишагӣ дар Тоҷикистон амали ҷиноӣ аст ва муҳлатҳои тӯлонии зиндонро дар пай дорад. Вале худи шахси танфурӯш маъмулан бо пардохти ҷарима озод мешавад. Дар аксар маврид занони танфурӯш боздошт ва ҷарима баста мешаванд.
Вале коршиносони СММ аз Тоҷикистон дархост доранд, ки ҷазои маъмуриро низ барои танфурӯшӣ аз байн бурда ва занони танфурӯшро барои ин амалашон умуман ҷазо надиҳад.