Ссылки доступа

Сафари расмии президенти Ӯзбекистон ба ИМА оғоз ёфт


Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар доираи як сафари расмӣ вориди ИМА шуд. Ҳомиёни ҳуқуқ дар арафаи ин сафар аз Вашингтон хостанд, ки барои беҳтар шудани вазъи ҳуқуқи инсон дар Ӯзбекистон ба Мирзиёев фишор оварад.

Дар фурудгоҳи Эндрюс Мирзиёевро аъзои ҳукумати ИМА пешвоз гирифтанд. Интизор меравад, президенти Ӯзбекистон 16 май бо ҳамтои амрикоии худ Доналд Трамп дар Кохи сафед мулоқот кунад. Баргузории гуфтугӯи ҷонибҳо дар ҳайати маҳдуд ва васеъ дар назар аст.

Ҳамчунин қарор аст, Шавкат Мирзиёев дар ҷараёни ин сафар бо котиби давлатӣ Майк Помпео, вазири дифоъ Ҷеймс Мэттис ва аъзои конгресси ИМА мулоқот кунад. Имзои чанд санади ҳамкорӣ низ дар назар аст.

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқ Amnesty International ё Афви Байнулмилал низ пештар гуфт, президент Трамп бояд ҳамтои ӯзбеки худро ба идомаи ислоҳот дар бахши ҳуқуқи инсон даъват кунад.

Президенти Ӯзбекистон баъди сари қудрат омадан ваъда дод, ки дар кишвараш ислоҳот хоҳад гузаронд. Масъули бахши Осиёи Марказӣ ва Ҷанубии Шӯрои миллии Амрико Лиза Кёртис ахиран гуфт, Кохи сафед тасмим дорад, аз Мирзиёев дархост кунад, ки ислоҳотро дар самти иқтисод идома дода, талошҳояшро барои беҳсозии вазъи ҳуқуқи инсон дар Ӯзбекистон бештар кунад.

XS
SM
MD
LG