Ссылки доступа

Сипоси Русия ба Тоҷикистон барои дастгирӣ дар қазияи Скрипал


Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия гуфт, ҳимояти Тоҷикистонро аз мавқеи Русия дар моҷарои сӯиқасд ба ҷони як ҷосуси пешини рус дар Бритониё қадрдонӣ мекунад.

Сергей Лавров дар ин бора рӯзи 9-уми апрел дар як нишасти хабарии муштарак бо Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар шаҳри Маскав сухан гуфт.

“Мо аз ҳамраъйии Тоҷикистон, ки баробар бо дигар аъзои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар робита ба ҳодисаи Солсберӣ нишон дод, қадрдонӣ мекунем. Мо рӯзи 4-уми апрел дар нишасти вижаи Шӯрои иҷроияи Созмони Манъи Истифодаи Аслиҳаи Кимиёвӣ изҳороти муштараки аъзои паймонро нашр кардем, ки дар он қотеона талаб шудааст, ҳангоми таҳқиқи шаффофу бетарафонаву беғаразонаи қазия ба муқаррароти Конвенсияи манъи истифодаи аслиҳаи кимиёвӣ такя кунад”, - гуфт Лавров.

Ба қавли Сергей Лавров, Русия аз кишварҳои шарикаш барои ҳамоҳангсозии мавқеъ дар Созмони Милал, аз ҷумла дар масъалаи баррасии пешниҳодҳои шубҳабарангез ва зиддирусӣ изҳори сипос мекунад.

Сергей Скрипал, ҷосуси дугонаи Русияву Бритониё ва духтараш Юлия Скрипалро рӯзи 4-уми март дар ҳоли беҳушӣ дар шаҳри Солсберии Бритониё пайдо карданд. Баъдан мақомоти Бритониё гуфтанд, ки падару духтар аз маводи кимиёвии низомии навъи “Новичок”, ки Русия ихтироъ кардааст, заҳролуд шудаанд ва эҳтимолан сӯиқасд кори дасти Маскав аст.

Мақомоти Русия ҳамаи ин иттиҳомотро рад мекунанд. Баъди ин моҷаро Бритониё 23 дипломати русро, ки ба гуфтаи Тереза Мей, нахуствазири Бритониё баъзеашон ба ҷосусӣ машғул буданд, аз кишвараш хориҷ кард. Даҳҳо кишвари дигар, аз ҷумла Амрико ҳам беш аз 100 дипломату низомии русро аз хокашон берун карданд ва таниши байни Русия ва Ғарб боз ҳам авҷ гирифт.

Сергей Лавров дар идомаи сӯҳбат дар нишасти хабарии Маскав рӯзи 9 апрел гуфт, Русия дар ҷавоб ба ҳимояти Тоҷикистон ташаббусҳои ин кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва аз ҷумла Созмони Милалро дастгирӣ мекунад.

Вай афзуд, ки бо Сироҷиддин Аслов, масъалаи баргузории Конфронси байналмилалии об ва конфронси байналмилалии “Муқобила бо терроризм ва тундгароӣ”-ро баррасӣ кардааст, ки қарор аст, моҳҳои май ва июн дар Душанбе баргузор шаванд.

XS
SM
MD
LG