Ссылки доступа

Руҳонии ӯзбек: филмҳои туркӣ ба генофонди миллӣ хатар доранд (видео)


Имом-хатиби масҷиди "Мирзо Юсуф"-и шаҳри Тошканд Раҳматулло Сайфиддинов дар намози ҷумъаи гузашта гуфт, филмҳои бисёрсериягии туркӣ ба генофонди миллии ӯзбекҳо таъсири фалокатовар мерасонад.

"Аз занҳое, ки ҳангоми ҳамхобагӣ бо шавҳарҳояшон дар бораи ҳунармандони зебои филмҳои туркӣ меандешанд, фарзандони ҳамҷинсгаро ба дунё меояд", - изҳор дошт Сайфиддинов.

Ҳушдори имом-хатиби ӯзбек дар ҳоле садо медиҳад, ки дар расонаҳои маҳаллии Ӯзбекистон зидди филмҳои бисёрсериягии туркӣ маъракаи густардае ҷараён дорад. Аз ҷумла, моҳи гузашта, телевизиони хусусии ZO'RTV маҷбур шуд, намоиши филми туркии "Муҳаббати сиёҳ"-ро қатъ кунад.

Таҳлилгарони Оҷонсии иттилоъ ва нашри Ӯзбекистон гуфтанд, ки филми мазкур бо ақида ва анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла арзишҳои хонаводагии мардуми ӯзбек мухолифат мекунад.

Имом-хатиби масҷиди "Домбиробод"-и пойтахти Ӯзбекистон Шермурод Тогай низ ба даъвати Сайфиддинов пайваст. Ӯ 6 март гуфт, "дар ҳадисе омадааст, ки зан ва мард ҳангоми ҳамхобагӣ набояд дар бораи амали шайтоние фикр кунанд".

XS
SM
MD
LG