Ссылки доступа

Пешниҳоди Ғанӣ: "Ҳозирем Толибонро ҳамчун ҳизби сиёсӣ эътироф кунем"


Толибони Афғонистон пешниҳоди президенти ин кишвар Ашраф Ғаниро дар мавриди созиш кардан ва ҳамчун ҳизби сиёсӣ эътироф шудани ҳаракати "Толибон" бо сардӣ пазируфтанд.

Раиси ҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар нишасти нахустини "Kabul process", ки 28 феврал баргузор гардид, суханронӣ намуд ва пешниҳод кард, ҳамчун як бахши раванди сулҳу созиш, Толибон гурӯҳи қонунии сиёсӣ эътироф шавад. "Толибон ва ҳамаи аъзои гурӯҳ, тасмим бо шумост. Сулҳро бипазиред, дар гирди мизи гуфтушунид ҷамъ шавед ва биёед Афғонистонро якҷо бисозем", - гуфт Ашраф Ғанӣ.

Вай гуфт, ки ҳукумати Афғонистон барои оғози гуфтугӯҳо бо Толибон ҳеҷ шарте надорад. Аммо вай ба Толибон пешниҳод кард, ки гуфтугӯҳои сулҳ бояд бо назардошти дастовардҳо, манфиати миллӣ, Қонуни асосӣ ва ҳифзи ҳуқуқи занон оғоз шавад. Ғанӣ ҳамчунин ба ҷангҷӯён оташбас, озодии зиндониҳо, шиноснома, дафтари корӣ дар Кобул ё минтақаҳои дилхоҳи дигар ва лағви таҳримҳоро пешниҳод кард.

Ҳарчанд Толибон дар ин авохир хостори гуфтугӯ бо Амрико шудаанд, вазорати умури хориҷии ИМА гуфтааст, ки тарафи гуфтугӯ бо ин гурӯҳ ҳукумати Афғонистон аст. Шӯрои олии сулҳи Афғонистон низ ибрози умедворӣ кардааст, ки талошҳои ахири ҳукумати ин кишвар, ба хусус нишасти дувуми "Kabul Process" битавонад заминаеро барои оғози гуфтугӯҳои сулҳ бо Толибон шавад.

Ҳукумати Ашраф Ғанӣ, ки аз тарафи Ғарб пуштибонӣ меёбад, баъди хуруҷи НАТО дар соли 2014, дар ҳоли муқовимат бо Толибон ва ҷангҷӯёни дигар қарор дорад. Моҳҳои ахир теъдоди зиёди ғайринизомиён дар Кобул ва минтақаҳои дигари Афғонистон дар пайи ҳамлаҳои Толибон кушта шуданд. Ҳукумати Афғонистон ва Толибон бори охир соли 2015 бо ҳам вориди гуфтушунид шуданд, аммо музокирот баробари оғоз ёфтан ноком шуд.

Баъд аз изҳороти мақомоти расмии Афғонистон рӯзи 28 феврал бархе аз сомонаҳои марбут ба ҳаракати "Толибон" вокуниш нишон доданд. Толибон пешниҳоди ҳукумати Афғонистонро бо сардӣ пазируфтанд. Дар изҳороти толибон омадааст, то замоне, ки нерӯҳои хориҷӣ дар кишвар ҳузур доранд, гуфтугӯ бо ҳукумат натиҷаовар нахоҳад буд.

XS
SM
MD
LG