Ссылки доступа

Туркманистон имсол 3 миллион дарахт мешинонад


Мақомоти Туркманистон тасмим гирифтаанд, ки соли равон 3 миллион дарахт шинонанд. Президенти ин кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 9 феврал фармон дар бораи оғози маъракаи ниҳолшинонӣ, аз ҷумла дарахтони мевадиҳандаро имзо кард.

Бар пояи ин фармон ҷамъоварии маблағ аз кормандони муассисаҳои буҷавии шаҳри Ишқобод ва вилояти Балкан барои гузаронидани корҳои кабудизоркунӣ оғоз шудааст.

Ҳамсуҳбатони мо дар Ишқобод мегӯянд, раҳбарияти корхонаҳое, ки масъули шинондану нигоҳубини дарахтон ҳастанд, ба кормандони худ гуфтаанд, аз ҳисоби худ бояд ба рухсатӣ бираванд.

Як манбаъ ба шарти ифшо нашудани номаш афзуд, ки раҳбарияти Хадамоти хоҷагии ҷангали Туркманистон ба кормандони ин ниҳод гуфтааст, бояд дар як сол се бор даҳрӯзӣ аз ҳисоби худ рухсатӣ бигиранд.

"Ба кормандони норозӣ нашрияеро нишон дода, гуфтаанд, қоидаи нав дар асоси қарори президент, ки дар инҷо чоп гаштааст, ҷорӣ карда шуд. Вале ба онҳо имкони шинос шудан бо муҳтавои қарорро надоданд", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

XS
SM
MD
LG