Шакенов гуфт, аз мубтало шуданашон ба вируси норасоии масунияти бадан кӯдаконро созмонҳои иҷтимоӣ огоҳ кардаанд.
"Ҳукумат ба кӯдакон дар бораи мубтало буданашон ба ин вирус дар 11-12-солагӣ хабар медиҳад. Бояд розигии волидон гирифта шавад. Соли 2018 мубтало будани 45 кӯдаки дигар ошкор карда мешавад. Мо бо кӯдаконе, ки мубтало шудаанд, кор мебарем. Бо волидонашон дар робита ҳастем", - гуфт вай.
Ба иттилои сардухтур, дар ҳоли ҳозир дар маркази вилоятӣ 242 кӯдаки мубтало ба ВИЧ зери назорат ҳастанд.