Ссылки доступа

Задухӯрдҳо миёни нирӯҳои Асад ва эътилофи ба раҳбарии ИМА идома доранд


Дар наздикии рӯдхонаи Фуроти вилояти Дайр-уз-Зори Сурия задухӯрдҳо миёни нирӯҳои президент Башор Асад ва эътилофи зиддитеррористии ба раҳбарии ИМА идома доранд.

Маҳз 7 феврал дар онҷо дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоии ИМА садҳо ҷонибдори режими Асад кушта шуданд. Дар миёни онҳо шаҳрвандони Русия аз гуруҳи низомии хусусии "Вагнер" низ буданд.

Рӯзи сешанбе иттилоъ дода шуд, ки 10 феврал дар наздикии рӯдхонаи Фурот тонки Т-72 мавриди ҳадаф қарор гирифтааст. Эҳтимол дорад, ин тонк ба гуруҳи "Вагнер" тааллуқ дошта бошад, вале гуруҳи таҳқиқотии Conflict Intelligence Team мегӯяд, санҷиши иттилоъ имкон надорад, чун артиши Сурия низ дар ихтиёри худ ин гуна тонк дорад.

Дар натиҷаи зарбаҳои ҳавои ИМА дар Дайр-уз-Зори Сурия аз 100 то 500 низомие кушта шуданд, ки ба ҷонибдорӣ аз режими Асад меҷангиданд. Аз гуруҳи "Вагнер" даҳҳо низомии рус ҷон бохтаанд. Вале 13 феврал танҳо наздикони чаҳор тани онҳо ин хабарро тасдиқ карданд.

Вазорати дифои Русия кушта шудани шаҳрвандони Русияро дар натиҷаи зарбаҳои ИМА рад мекунад.

XS
SM
MD
LG