Ссылки доступа

Дар дорухонаҳои Ӯзбекистон камбуди доруҳои сабуккунандаи дард мушоҳида мешавад


Дар вилояти Андиҷони Ӯзбекистон бемороне, ки ба доруҳои мадҳушкунанда эҳтиёҷ доранд, наметавонанд чунин доруҳоро аз дорухонаҳои маҳаллӣ дарёфт кунанд. Доруфурӯшон мегӯянд, воридоти ин гуна доруҳо аз хориҷ кам шудааст.

Сокинони вилояти Андиҷон шикоят доранд, ки давоми чанд моҳи охир дар дорухонаҳои маҳаллӣ доруҳои мадҳушкунанда ё камкунандаи дард пайдо намешавад.

Ҳасанбой-отаи 70-сола аз бемории Паркинсон азият мекашад. Вай мегӯяд, доруи "Сиклодол"-ро наметавонад аз дорухонаҳо пайдо кунад.

Мақомот низ камбуди чунин доруҳоро тасдиқ мекунанд.

Соли гузашта Шавкат Мирзиёев бо як фармон ширкати давлатии дорусозии "Узфармсаноат"-ро барҳам дод. Ин ширкат бештар аз 80 корхонаро муттаҳид мекард. Акнун воридоти доруҳоро аз хориҷ ширкати дигари давлатӣ - "Узмедэкспорт" бар дӯш гирифт.

XS
SM
MD
LG