Ссылки доступа

Ҷасади 52 қурбонии оташсӯзии автобусро ба хок супурданд


Дар Ӯзбекистон ҷасади қурбониҳои оташсӯзии автобусро ба хок супурданд.

Намояндаи вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон хабар дод, ки шиносоии ҷасади қурбониҳо ба охир расид. Вазорат рӯйхати ниҳоии кушташудаҳоро нашр кард.

18 январ автобуси ҳомили муҳоҷирони Ӯзбекистон дар ҳудуди Қазоқистон оташ гирифт. Дар натиҷа 52 мусофир ҷон бохт. Ин ҳодиса дар шоҳроҳи Чимкент-Самара, дар ҳудуди вилояти Оқтеппаи Қазоқистон рух дод.

Панҷ нафар - се сокини Қазоқистон ва ду шаҳрванди Ӯзбекистон аз ин ҳодиса ҷон ба саломат бурданд. Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, сабаби аслии рух додани фоҷиа "муносибати нодуруст бо манбаи оташ буд".

XS
SM
MD
LG