Лаҳзаи садама дар дохили автобус 57 мусофир ҳузур дошт. Бино бар иттилои пешакӣ, кушташудаҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳастанд.
Расонаҳои Қазоқистон менависанд, дар робита ба ин ҳодиса ситоди фаврӣ ташкил шуда, дар ҷои ҳодиса пулис, наҷотдиҳандагон, табибон ва равоншиносон кор мебаранд.
Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон хабар дод, ки барои таҳқиқи сабабҳои оташсӯзии автобус ва кумак ба зарардидаҳо, инчунин хонаводаҳои кушташудаҳо комисияи муштарак ташкил мешавад.
Ба иттилои мақомоти Қазоқистон, муҳлати санҷиши техникии автобус моҳи феврали соли 2016 ба охир расида, ин автобус ҳаққи мусофиркашониро надошт. Ҳамчунин гуфта мешавад, автобус аз шаҳри Қазони Русия меомад. Дохили автобус муҳоҷирони меҳнатии Ӯзбекистон буданд.
Мақомот пештар ному насаби панҷ мусофири зиндамондаро эълон карданд, ки миёни онҳо ду нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон: Аҳрор Исҳоқов, соли таваллудаш 1988 ва Исроилҷон Мирзахмедов, соли таваллудаш 1980, ҳастанд. Се тани дигар - ронандагони автобус Мақсад Пернебеков, Барот Танатаров ва Нурҷон Қирғизбоев ҳастанд.
Аз ҷониби Ӯзбекистон бо роҳбарии сарвазир Абдулло Орипов комисия махсуси ҳукуматӣ таъсис шудааст. Ин комисияи вазифадор аст, ки сабабҳои сухтор ва ному насаби кушташудаҳоро муайян кунад.