Вазири пешини иқтисоди Қазоқистон, ки ин айбҳоро рад мекунад, имрӯз дар додгоҳ гуфт, дар раванди тафтишот ба ӯ фишор овардаанд ва ҳуқуқҳояш низ поймол шудаанд.
"Дар моҳҳои аввали боздоштам маро бидуни вакилони дифоам пайваста ба коргоҳи муовини сардори Раёсати тафтишотӣ мебурданд. Далелҳои тасдиқкунанда низ мавҷуданд", - афзуд вай.
Ба гуфтаи Бишимбоев, муфаттишон борҳо ба ӯ пешниҳод кардаанд, то бигӯяд, ки ин корҳоро анҷом додааст. Вай дар баробари онҳое, ки ба ӯ фишор овардаанд, аз муовини сардори раёсати тафтишотии Бюрои миллии мубориза бо коррупсияи Қазоқистон Олес Кексел ва раҳбари гуруҳи фаврӣ-ҷустуҷӯӣ Дамир Бахитов ном бурд.
Вазири пешини иқтисоди Қазоқистон дар посух ба суоли додрас, ки чаро боре дар рафти тафтишот ба бозпурсӣ ҳозир нашудааст, гуфт, "вақте дар як мошини 10-нафарӣ 18 касро савор карда, ба бозпурсӣ мебаранд, магар ин риояи ҳуқуқҳои ман аст ?".
Бишимбоеви 37-сола дирӯз аз президент ва мардуми Қазоқистон барои он ки натавонист "боварии онҳоро бароварда созад", узр хост. Вай бори дигар тамоми айбҳоро рад карда, гуфт, ӯро зердастонаш фиреб додаанд.