Дар Туркманистон шаҳрвандоне, ки ба хориҷ сафар мекунанд ё фарзандонашон дар берун аз кишвар таҳсил доранд, бештар аз кортҳои бонкии Visa истифода мебаранд.
Туркманистониҳое, ки ҳоло дар Аврупо ё Туркия қарор доранд, мегӯянд, дар ҳоли ҳозир, наметавонанд, аз кортҳои бонкии Visa-и худ нақдина гиранд ё ба воситаи онҳо пардохт кунанд.
Як манбаъ дар ҳукумати Туркманистон гуфт, Бонки иқтисоди хориҷии ин кишвар дар истифодаи кортҳои бонкии Visa маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кардааст. Аз ин ба баъд соҳибони кортҳо ҳақ доранд, дар як рӯз танҳо 25 доллар нақдина бигиранд ё ҳудуди 100 доллар пардохт кунанд.
Дар Бонки иқтисоди хориҷии Туркманистон гуфтанд, ки мақомоти молии ин кишвар ҳамчунин пайгирӣ хоҳанд кард, ки сокинон ба воситаи кадом бонкҳои хориҷӣ пулҳои худро нақд мекунанд ва дар асоси он амалиёт тариқи ҳамон кортҳоро манъ хоҳанд кард.