Дар ҳамин ҳол, дақиқ нест, ки оё Риклтон аз Қирғизистон ихроҷ шудааст ва ё дар боздоштгоҳ нигаҳ дошта мешавад.
Рӯзи шанбеи 9 декабр Крис Риклтон дар фурудгоҳи "Манас"-и шаҳри Бишкек боздошт шуд. Вай дар саҳифаи Фейсбук навишт, ки мунтазири ихроҷ ба кишварест, ки аз онҷо ба Қирғизистон ворид шудааст. Крис Риклтон ҳамроҳ бо ҳамсар ва фарзандаш ҳафт соли охир дар Бишкек зиндагӣ дорад. Вай ҳамчунин дар Донишгоҳи амрикоӣ дар Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Бишкек бунёд шудааст, дарс медиҳад.
"Маро ҳангоми тафтиши шиноснома боз доштанд. Онҳо гуфтанд, ки ман боғоҷамро бигирам. Баъди гирифтани боғоҷ маро дубора ба нуқтаи тафтиши шиноснома оварданд. Тақрибан баъди ним соат хабар доданд, ки вуруди ман ба Қирғизистон манъ аст. Баъди он маро ба толори парвози мусофирон оварданд, ки ҳавопаймо омодаи парвоз ба Дубай буд. Касе шарҳ надод, ки чаро маро ихроҷ мекунанд. Ман низ наметавонам инро шарҳ диҳам", - навишт вай.
Дӯсти вай Бектур Искандар хабар медиҳад, ки Риклтон бори аввал дар соли 2008 ба Қирғизистон омад. Сар аз соли 2010 вай дар Бишкек зиндагӣ мекунад. Аз соли 2015 ба ин сӯ бо хабаргузории Франс Пресс ҳамкорӣ дорад.