Додгоҳи округи Ҷануб қарор кард, ки ҳамаи моликият, аз ҷумла он моликияте, ки зодаи Ӯзбекистон барои омодагӣ ба теракт истифода мебурд, мусодира шавад.
Ҳамсар ва фарзандони Саипов дар ИМА зиндагӣ мекунанд ва онҳо низ метавонанд бе сарпаноҳ монанд. Ба ҷуз ин, амволи ғайриманқули волидони Саипов дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон низ мумкин аст, мусодира шавад. Агар мақомоти Ӯзбекистон талаботи ҳукумати ИМА-ро қонеъ кунад, манзили волидони Саипов мумкин моли Амрико шавад.
Ин сокини шаҳри Тошканди Ӯзбекистон соли 2010 ба Амрико рафта, нахуст дар Флорида, Оҳайо ва ахиран дар шаҳри Паттерсони Ню-Ҷерсӣ зиндагӣ мекард. Шиносҳояш ӯро на ҳамчун як тундрав, балки ҷавони хашмгини дорои мушкили иқтисодӣ тавсиф мекунанд. Дар Тошканд Саиповҳоро як хонаводаи хубу ғайримазҳабӣ меноманд. Сайфулло пеш аз рафтан ба Амрико бахши молияи донишгоҳи Ӯзбекистонро хатм ва дар яке аз меҳмонсароҳои Тошканд ба ҳайси муҳосиб кор кардааст.
Ин ҳамлаи террористӣ 31 октябр рух дод. Шаҳрванди Ӯзбекистон, ки дар робита ба он боздошт шудааст, гуфт, рӯзи Ҳеллоуинро барои ҳамла махсус интихоб кард, чун одатан дар ин рӯз кӯчаҳо пур аз одаманд. Саипов 8 касро кушта, 12 тани дигарро захмӣ кард. Ӯ дар додгоҳ гуфт, ки аз кардааш пушаймон нест ва мехост, "ҳар чӣ бештар" одам бикушад. Вай гуфт, гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" ӯро ба ин амал ташвиқ кардааст.
Доналд Трамп, президенти ИМА талаб кард, ки Сайфулло Саипов ба эъдом маҳкум шавад.