Ссылки доступа

Отамбоев: агар ба Раҳмон ҳар гуна машварат намедоданд, мушкили марз ҳал шуда буд


"Агар ба президент Эмомалӣ Раҳмон ҳар гуна машварат намедоданд, марз бо Тоҷикистон пурра муайян ва аломатгузорӣ мешуд", - гуфт президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев 20 ноябр дар нишасти матбуотии поёни давраи раёсаташ дар шаҳри Бишкек.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир, ними марзи Қирғизистону Тоҷикистон аломатгузорӣ шудааст. "Омода будем, ки 50 дарсади боқиро низ муайян кунем, вале танҳо як шарт доштем, ки нимаи дувуми марз низ бо усуле аломатгузорӣ шавад, ки қисми аввал шудааст. Ҳамин тавр ҳам мешуд, агар ба президенти Тоҷикистон маслиҳат намедоданд, ки марзи боқӣ бо усули дигар аломатгузорӣ шавад", - афзуд ӯ.

"Ин ба монанди он аст, ки ранги як остини костюм дигар бошаду дувумиаш дигар. Ин нодуруст аст. Хостанд, ки ба асноди солҳои 1925-1926 такия кунем. Ман ҳам машварат додам, ба ҳуҷҷатҳои солҳои 1923-1924 нигарем, ки он замон Тоҷикистон ҳанӯз вуҷуд надошт", - изофа кард Отамбоев.

Дарозии марзи миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон 971 километр аст, ки ҷонибҳо дар робита ба 471 километри он то ҳол наметавонанд ба созиш бирасанд. Дар марзи ду кишвар наздик ба 70 минтақаи баҳсбарангез вуҷуд дорад.

XS
SM
MD
LG