Қарор аст, вазири умури хориҷии Эрон дар ҷараёни ин сафараш ба Душанбе бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбарони ҳарду палатаи порлумони кишвар дидору гуфтугӯ кунад.
Муҳаммадҷавод Зариф шоми 8-уми ноябр дар маросими ифтитоҳи бинои нави сафорати Эрон дар Тоҷикистон низ иштирок хоҳад кард. Бинои сафорати нави Эрон дар пайванди хиёбони Исмоили Сомонӣ ва кӯчаи Маяковскийи шаҳри Душанбе бунёд шудааст.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон Баҳром Қосимӣ дар суҳбат бо расонаҳои маҳаллии ин кишвар гуфтааст, ки Зариф бо даъвати раҳбарияти Тоҷикистон аз Душанбе боздид мекунад.
Муҳаммадҷавод Зариф нахустин мақоми баландпояи Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, ки дар пайи сард шудани робитаҳои Душанбеву Теҳрон дар ду соли охир, аз Тоҷикистон дидан мекунад.