Маҳдудияти навбатии табодули асъори хориҷиро намояндагони бахши молии Туркманистон шарҳ намедиҳанд.
Ибтидои моҳи август ҳамчунин дар бораи чораҳои навбатии Бонки марказии он кишвар хабар расида буд. Ба вижа, бонк тасмим гирифт, шаҳрвандонеро, ки дар дохили кишвар буда, дар кортҳои байналхалқӣ асъор доранд ва онҳоеро, ҳам, ки тавассути хизматрасонии интернет ба хориҷ пул интиқол медиҳанд, шиносоӣ кунад.
Расонаҳо менависанд, ки мақомот аз онки шаҳрвандони Туркманистон тавассути кортҳои бонкӣ дар хориҷ хариду фурӯш мекунанд, нигаронанд.
Сар аз моҳи январи соли 2015 қурби расмии асъор дар Бонки марказии Туркманистон 3.5 манат барои 1 доллари ИМА нишон дода шудааст, аммо дар "бозори сиёҳ" 1 доллар қариб 7 манат хариду фурӯш мешавад. Табодули нақди асъор дар Туркманистон ҳанӯз дар ибтидои соли 2016 манъ шуда буд.