Охири моҳи июн дар вилояти Қарағандаи Қазоқистон 9 нафар бо гумони мубтало шудан ба бемории сиёҳзахм ("сибирская язва") дар беморхона бистарӣ шуданд, баъдтар ду тани онҳо фавтиданд. Маркази матбуотии вазорати миллии иқтисоди ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки мубтало шудани 8 сокини деҳаи Еркиндики Қазоқистон ба сиёҳзахм тасдиқ гардидааст. Баъдтар дар бораи пайдо шудани сиёҳзахм дар вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ - ҳаммарз бо Ӯзбекистон, хабар расид.
"Ҳолати гирифторӣ ба сиёҳзахм дар Ӯзбекистон то кунун мушоҳида нашудааст. Вазъият зери назорат аст. Дар гузаргоҳҳои марзӣ бо Қазоқистон ҳамарӯза эпидемологҳо навбатдорӣ мекунанд", - хабар медиҳанд мақомоти Ӯзбекистон.
Ба иттилои сарраёсати ветеринарии вазорати кишоварзӣ ва обёрии Ӯзбекистон, дар мавсими тобистон бо сабаби гармӣ хатари паҳншавии бемориҳои уфунатӣ бештар мешавад.