Дар Оқтеппа ва атрофи он шаш лагери кӯдакона мавҷуд аст. Аз ин шумор якеаш - лагери "Достик" - аз сӯи давлат сармоягузароӣ мешавад. Боқимондаҳо хусусӣ ҳастанд. Ҳич кадоме аз ин лагерҳо замони хатари сатҳи "сурх" фаъолият намекарданд.
Лагери "Достик" дар мавсими аввал мебоист 140 хонандаро мепазируфт. Аммо кори ин лагер дар робита ба ҳодисаҳои 5 июн қатъ шуда буд.
- Лагерро 15 июн мекушоем. Соли ҷорӣ ният дорем, ки кӯдаконро то 12 рӯз истироҳат диҳем. Кори лагер 9 рӯз баъдтар аз мавсим оғоз мешавад, - мегӯяд мудири лагер Жусулан Жанайдаров.