Фаъолони эътилоф аз ҳукумати Қазоқистон ва ширкатҳои мазкур хостаанд, масъулияти ин ҳодисаро ба уҳда гирифта, ба оилаҳои Берёзовка ҷуброни зарарӣ саломатӣ пардохт намоянд.
Дар изҳороти эътилофи "Кӯдакон ё нафт", ки 1 июн нашр шуд, гуфта мешавад, вазъи саломатии кӯдакон беҳбуд намеёбад. Сокинони Берёзовка соли гузашта ба шаҳри Оқсу кучонида шуданд, вале тавре фаъолон аз қавли падару модарон мегӯянд, кӯдакон ҳанӯз сиҳат наёфтаанд.
"Азбаски беморхонаҳои давлатии Қазоқистон дар хулосаҳои ташхис заҳролудшавии кӯдаконро тасдиқ намекунанд, ин хонаводаҳо маҷбуранд ба беморхонаи Русия муроҷиат кунанд", - мегӯяд аъзои эътилоф.
Инчунин дар изҳорот омадааст, ки сокинони деҳаи Берёзовкаи вилояти Қазоқистони Ғарбӣ барои дарёфти кӯмак ба Бюрои байналмилалии ҳуқуқи инсони Қазоқистон муроҷиат кардаанд.
Владимир Школник, мушовири ғайрирасмии президенти Қазоқистон замоне, ки вазири энергетикаи ин кишвар буд, гуфт, дегхонаи нуқсдори мактаб сабаби заҳролудшавии оммавии кӯдакон дар деҳаи Берёзовка гаштааст. Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, ширкатҳои истихроҷкунандаи нафт дар наздикии деҳаи Берёзовкаро барои аз ҳад зиёд сӯзонидани гази табиӣ ва расонидани зарар ба муҳити атроф дар соли 2014 ҷаримаи чандмиллионӣ бастаанд.