Ссылки доступа

Писари Ҳоҷӣ Ҳалим 22 сол зиндонӣ шуд


Додгоҳи шаҳри Душанбе фарзанди бузурги муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистонро 22 сол зиндонӣ кард.

Бахтиёр Назаров, фарзанди 28-солаи генерал Назарзода ба "даъвати оммавӣ ба хотири тағийири сохти конститутсионӣ", "даъват барои бетартибиҳои оммавӣ" ва талоши "барқасдона хабар надодан аз ҷинояти мудҳиш" гунаҳкор эълон шуд.

Ҳукми Бахтиёр Назаров - писари Ҳоҷӣ Ҳалим моҳе пеш содир шуд ва азбаски муҳокимаи парвандаҳои марбут ба табаддулот пушти дарҳои баста сурат мегиранд, хабарнигорон ва ҷомеа танҳо дар ҳоле аз қазия огоҳ мешаванд, ки додгоҳҳо ҳукмро алакай эълон кардаанд.

Генерал Абдуҳалим Назарзода моҳи сентябри соли гузашта дар дараи Ромит дар ҷараёни як амалиёти вижа кушта шуд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, Назарзода зидди ҳукумат ошӯб кард.

XS
SM
MD
LG