Тавре додситон Роберто Россӣ мегӯяд, далелҳо дар мавриди ҳатман иҷро шудани ин ҳамла вуҷуд надорад, вале ба гуфтаи ӯ, "маълум шудааст, ки онҳо омодагӣ медидаанд". Миёни боздоштшудаҳо исми Ҳаким Носири 23-сола ва Гулистон Аҳмадзайи 29-сола, ки ҳар ду зодаи Афғонистонанд, гирифта мешавад.
Носирӣ дар терроризми байналмилалӣ ва Аҳмадзай дар муҳоҷирати ғайриқонунӣ айбдор мешаванд. Тибқи иттилои манбаъ, боздоштшудаи севум Зулфиқор Амҷад зодаи Покистон буда, ӯ ҳам дар муҳоҷирати ғайриқонунӣ гумонбар аст. Ба гуфтаи муфаттишон, акс ва навори телефонҳои мобилии боздоштшудаҳо омодагӣ диданашон барои анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар Рум, Париж, Лондон ва Бариро тасдиқ мекунад.