Ссылки доступа

Қотилони таксирони тоҷик дар Русия адои ҷазо мекунанд


Илдар Сахапов ва Федор Басимов, ду низомии пойгоҳи 201 низомии Русия дар Тоҷикистон 31-уми март барои адои ҷазо аз Душанбе ба зиндони шаҳри Екатеринбург фиристода шуданд.

Ин ду низомӣ дар моҳи августи соли гузашта барои қатли ронандаи тоҷики таксӣ ба 13 ва 17 соли зиндон маҳкум шуда, то ҳол дар боздоштгоҳи №1 нигаҳдорӣ мешуданд.

Як манбаъ дар додгоҳи низомии пойгоҳи 201 хабар дод, ки Илдар Сахапов ва Федор Басимов бо ҳукми додгоҳ ба Русия фиристода шуданд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, пардохти 1 миллион рубл ҷуброни моддӣ ва маънавӣ ба хешовандони Раҳимҷон Тешабоев аз тарафи ин ду нафар баъд аз оғози адои ҷазои онҳо дар зиндон шурӯъ мешавад.

Рустамҷон Тешабоев, бародари Раҳимҷон гуфт, ки онҳоро 31-уми март ба додгоҳи пойгоҳи 201 даъват карда, дар бораи фиристода шудани сарбозони маҳкумшуда хабар доданд. Аммо, ба гуфтаи вай, “дар бораи ҷубронпулӣ ҳарфе гуфта нашуд ва маълум нест, ки ин маблағ кай пардохта мешавад”.

Нигора Ҳайитова, вакили дифои оилаи Раҳимҷон Тешабоев, гуфт, баъд аз он, ки сарбозон Тешабоевро куштанд, Басимов аз дохили мошини вай 37 ҳазору 500 рубли русиро дуздидааст. Ба ин сабаб маҳкумшудагон вазифадоранд ин хисоротро ҷуброн кунанд.

Ҷасади ронандаи таксӣ Раҳимҷон Тешабоев 19-уми августи соли 2014 бо гулӯи буридашуда дар наздики кӯл дар деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ кашф шуд. 26-уми август бо гумони қатли Тешабоев сарбозони пойгоҳи 201 низомии Русия Сахапов ва Басимов боздошт шуданд.

XS
SM
MD
LG