Песков гуфт, "дархостҳои журналистие дар шакли бозпурсӣ" ба нишонии вай фиристода шудааст. Песков мегӯяд, ин дархостҳо аз номи Консорсиуми байналхалқии рӯзноманигорони таҳқиқотгар (CIJI), ки рӯзноманигорони чандин кишвар узви онанд, ворид шудааст.
"Мо бовар дорем, ки онҳо на танҳо рӯзноманигор, балки намояндагони созмонҳо ва хадамоти дигар низ ҳастанд. Онҳо дар рӯзҳои наздик дар Олмон, ИМА, Бритониё, Швейтсария, Русия ва чанд кишвари дигар навиштаи навбатиро нашр хоҳанд кард", - гуфт Песков.
Дар посух ба суоли ин ки рӯзноманигорон чӣ пурсидаанд, Песков гуфт: "Гап дар бораи шахсияти Путин меравад, гап дар бораи хонаводаи вай меравад, дар бораи дӯстони замони кӯдакиаш, дар бораи тоҷирон (Ковалчук, Ротенберг), дар бораи кадом як ширкатҳои офшорӣ меравад".
Ба ҷуз ин, Песков мегӯяд, хабаргузориҳои маъруфи байналхалқӣ низ матлаб таҳия мекунанд. Песков ин матлабҳоро "фармоишӣ" номид ва гуфт, Кремл ба ин дархостҳои рӯзноманигорон посух намедиҳад.