Каримбеков 25-уми март дар чаҳорчӯби парвандаи ҷиноятие, ки тибқи моддаи “Омодагӣ барои ғасби ҳокимият ё маҷбурӣ нигаҳдории ҳокимият” боз шудааст, ба ҳабс гирифта шуд. Пештар тибқи ин парванда барои ду моҳ сиёсатмадорони мухолиф Бектур Асанов ва Кубанчибек Қодиров боздошт шуда буданд. Даулатбек Турдуналиев низ дар чаҳорчӯби ин парванда ҷустуҷӯ мешавад.
21 ва 22-уми март дар Интернет ду сабти сӯҳбати миёни эҳтимолан раҳбарони мухолифони қирғиз пайдо шуд. КДАМ эълон кард, ки дар онҳо сиёсатмадорони мухолиф Бектур Асанов, Кубаничбек Қодиров, Азимбек Бекназаров ва Дуулат Турдуналиев дар бораи нақшаҳояшон барои ғасби ҳокимият сӯҳбат кардаанд.