Ссылки доступа

Амрико мегӯяд, ки истихроҷи нафти “Давлати исломӣ” коҳиш ёфтааст


Намояндагони эътилофи байналмиллалии зидди гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба раҳбарии Амрико мегӯянд, ки дар пайи амалиёти ҳавоӣ ва низомии ин эътилоф ҳаҷми истихроҷи нафт дар минтақаҳои таҳти назорати ифротгароён 30 фоиз камтар шудааст.

Ба қавли сухангӯи эътилоф полковники нерӯҳои мусаллаҳи ИМА Стивен Уоррен, 65 зарбаи ҳавоӣ дар тӯли се моҳи ахир таъсисоти истихроҷи нафтро ҳадаф доштаанд. Дар натиҷа, ҳаҷми истихроҷи нафт аз 45 то 34 ҳазор бушка нафт дар як рӯз коҳиш ёфтааст.

Ҷангиён ғайриқонунӣ ба тиҷорати нафт машғуланд, то амалиёти низомии худ дар Сурия ва Ироқро сармоягузорӣ кунанд. Дар моҳи октябри соли гузашта Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шеваи зарбаҳои ҳавоии худро тағйир дода, таҳримҳои нав барои пешгирии сармоягузории ин гурӯҳро роҳандозӣ кард. Ба гуфтаи Уоррен, дар моҳи гузашта дар пайи бомбаборонҳо қариб 2 ҳазору 500 ҷангии “Давлати исломӣ” маҳв шудаанд.

Дар маҷмӯъ, теъдоди ифротгароён дар Сурия ва Ироқ бо шумули ҷангиёни хориҷӣ 20-30 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад. Ба гуфтаи полковники амрикоӣ, ҳоло ДИ назорати 40 фоизи қаламрави пештараи дар Ироқ тасарруфкардаи худ ва 20 фоизи минтақаҳои таҳти назораташ дар Сурияро аз даст додааст.

XS
SM
MD
LG