Ссылки доступа

ИМА: далели анҷоми таркиши силоҳи термоядроии Куриёи Шимолӣ вуҷуд надоранд


Шӯрои Амнияти СММ дар зудтарин фурсат муҳокимаи қатъномаи ташдиди таҳримҳо зидди Куриёи Шимолиро оғоз мекунад.

Иёлоти Муттаҳида бар ин назар аст, ки далелҳои шайъӣ дар мавриди анҷоми озмоиши бомбаи ҳидрогении Куриёи Шимолӣ вуҷуд надоранд. Намояндаи Кохи сафед Ҷош Эрнест зикр кард, ки ҳарчанд мақомоти ин кишвар иддао доранд, ки таркиши бузурги зеризаминии ҳастаӣ анҷом дода шудааст, аммо натиҷаҳои муқаддамотии таҳқиқот ин амали Пхенянро тасдиқ намекунанд. Дар ҳамин ҳол Эрнест зикр кард, ки "ҳар гуна озмоишҳои ҳастаӣ" поймолсозии "рӯирост ва дасисаноки" қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ мебошад.

Шӯро дар зудтарин фурсат ба баррасии қатъномаи ташдиди таҳримҳо бар зидди Куриёи Шимолиро оғоз мекунад. Дар ин бора раҳбари Шӯрои Амният - дипломати уругвайӣ Элбио Роселли хабар дод. Вай ин матлабро баъд аз анҷоми ҷаласаи изтирорие матраҳ кард, ки бо дархости ИМА, Ҷопон ва Куриёи Ҷанубӣ баргузор шуд.

Дабири кулли СММ Пан Ги Сун озмоиши эҳтимолии чаҳоруми ҳастаии Куриёи Шимолиро "нигаронкунанда" ва "таҳрикунандаи ҷиддии амнияти минтақавӣ" унвон кард.

Раҳбари ВКХ Ҷопон Фумио Кисида хост, ки қатъномаи шадидтаре нисбати Куриёи Шимолӣ ҳарчӣ зудтар қабул карда шавад.

XS
SM
MD
LG