Ссылки доступа

Эмомалӣ Раҳмон бо хонаводааш Ҳаҷҷи умра кард


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафараш ба Арабистони Саудӣ якҷоя бо ҳамсар ва чанд тан аз фарзандонаш Ҳаҷҷи умра кард.

Ба иттилои маркази матбуотии президенти Тоҷикистон, раиси ҷумҳур бори дувум муваффақ шудааст, ки вориди Каъба шуда, дар он ҷо ду ракаат намоз хонад.

Ҳаҷҷи умра навъи зиёрат дар ислом дониста мешавад. Асосан зиёрати хонаи худоро Ҳаҷ меноманд ва зиёрати кӯчакро Ҳаҷҷи Умра. Ҳаҷ ва Умра аз сафар ба Макка иборат буда, чанд рукнеро дар бар мегирад, ки аз ҳарам, даври Каъба, гузар аз миёни куҳҳои Сафо ва Марва, мӯйсаргирӣ иборат аст.

Ин рукнҳои асосии Умра мебошанд, аммо Ҳаҷ боз рукнҳои иловагӣ дорад, ки шабрӯзкунӣ дар водии Арафот, Мино ва Муздалифа - ноҳияҳои атрофи шаҳри Маккаро дар назар доранд. Як фарқияти дигар аз он иборат аст, ки Ҳаҷ бояд дар як давраи муайян анҷом дода шавад, аммо Ҳаҷҷи Умраро метавон дар ҳар вақти сол анҷом дод.

XS
SM
MD
LG