Дар ин бора хабаргузории "Интерфакс" бо такя ба маркази ҳуқуқи башари "Сова" иттилоъ медиҳад.
Бино ба натиҷаи пажӯҳише, ки ҳомиёни ҳуқуқи башари ин созмон дар 17 минтақаи Русия анҷом додаанд, Маскав дар заминаи миқдори хушунат бар пояи бадбинии милливу нажодпарастӣ дар ҷойи аввал (3 кушта ва 26 захмӣ) қарор дорад. Санкт-Петербург бо 3 куштаву 14 захмӣ ҷои дувумро касб кардааст.
Шумори зиёди чунин ҷиноятҳо ҳамчунин дар вилоятҳои Маскав, Самара ва Новосибирск мушоҳида шудааст. Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқ, шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз маъмулан қурбонии ин ҳамлаҳо мешаванд. Маркази иттилоотиву таҳлилии "Сова" масъалаҳои миллатгароӣ, бадбинии қавмӣ ва нажодпарастиву адовати динӣ дар Русияро меомӯзад.