Ссылки доступа

Ҷангҷӯёни ДИ дар Лубнон ба терминали нафтӣ ҳамла карданд


Нерӯҳои давлатии Лубнон рӯзи душанбе дар шимоли ин кишвар бо ҷангиёни гуруҳи тундгарои “Давлати исломӣ” вориди даргирӣ шуданд.

Ин задухӯрд баъд аз ҳамлаи ҷангиён ба терминали интиқоли нафт дар бандари Ас-Сидр сар задааст.

Хабар дода мешавад, ки ду муҳофизи бандар ва даҳ тундгаро кушта шудаанд. Дар ҷараёни ҳамла тундгароён ду мошини ҳомили маводи мунфаҷираро таркондаанд. Мақомоти интизомӣ мегӯянд, ки ҳамлаи ДИ рафъ шудааст. Оҷонсии France-Presse менависад, ки тундгароён ҳамчунин ба шаҳри Рас-ал-Ануф ҳамла кардаанд.

Аъзои гуруҳи ДИ, ки шаҳри Сирти Лубнонро зери назорат доранд, дар чанд ҳафтаи охир талош доранд, ки ба сӯи шарқи он кишвар ҳаракат карда, иншооти муҳими нафтиро ғасб кунанд.

XS
SM
MD
LG