Ҳамла ба сафоратхона рӯзи якшанбе, як рӯз баъди қатли шайх Намр Ан-Нимр ва 46 намояндаи дигари аҳли шиа дар Арабистон сурат гирифт. Ҳамаи маҳкумшудагон дар ҳамдастӣ бо терроризм айбор мешуданд.
Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ Одил ал-Ҷубейр гуфт, сабаби қатъи равобит бо Эрон маҳз ҳамла ба сафоратхонаи Арабистон дар Теҳрон шудааст. Дар изҳороти вазири корҳои хориҷии Арабистон гуфта шудааст, ки ҳамаи дипломатҳои эронӣ бояд давоми 48 соат он кишварро тарк кунанд.