Ссылки доступа

Қрим дар айёми идҳо ба торикӣ фурӯ рафт


Украина шаби чаҳоршанбе хатти барқи “Каховка-Титан”-ро, ки ба Қрим барқ интиқол медиҳад, қатъ кард. Дар Севастопол ният доранд барқро бо маҳдудият ҷорӣ кунанд.

Чароғҳои кӯчаҳои шаҳр хомӯш шудааст. Ҳаракати троллейбусҳо қатъ гардидааст.

Ба иттилои мутахассисони украинӣ, тахриби хати барқ сабаби қатъи интиқоли нерӯ шудааст. Аммо нуқтаи тахриб то кунун муайян нагардидааст. Мутахассисон ду маротиба талош карданд барқро васл кунанд, вале муваффақ нашуданд.

XS
SM
MD
LG