Ба иттилои Хадамоти федералии амнияти Русия, ин мард дар қаламрави Русия ғайриқонунӣ қарор доштааст. Нафари зангзада иддао кардааст, ки ба гурӯҳи дар Русия мамнӯи ДИИШ иртибот дорад. Гумонбар баёнот дода, дар ин ҷиноят айбдор буданашро иқрор кардааст. Аммо дар эълони сабабҳои ин амалаш душворӣ кашидааст.
Ба иттилои расонаҳои русӣ, боздоштшуда шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки соли 1992 таваллуд шуда, ду ҳафта пеш ба назди маҳбубааш ба Самара омадааст. Тақрибан соати 12 рӯзи 26 декабр вай ба шумораи «112» занг зада, гуфтааст:
«Ҳоло дар маркази тиҷоратии «Космопорт» таркиши сахте рух медиҳад. Дар ин ҷо бомба гузошта шудааст. Баъд аз ним соат таркиш мешавад. Салом аз ДИИШ. Соли нав муборак бошад!».
Дар ҳамин ҳол вай худ дар ҳамин маркази тиҷоратӣ қарор дошта, танҳо баъд аз эълони кӯч додани бошандагони ин марказ, онро тарк кардааст.
Тибқи моддаи 207 Қонуни ҷазои Русия барои расонидани хабари бардурӯғ дар бораи амали террористӣ то се соли ҳабс пешбинӣ шудааст.