Интизор меравад, ки дар 10 рӯзи намоиш ин филм маблағи баробар ба 530 миллион долларри дигарро ҷамъ кунад.
Ин филми нави коргардон Ҷей Ҷей Абрамс вокунишҳои мусбатеро соҳиб шуд. Бештаре аз қаҳрамонони филми аввал, ки дар соли 1977 таҳия шуда буд, дар ин филм низ нақшҳоеро иҷро карданд. Пешбинӣ мешавад, ки то 28 декабр маблағи фурӯш билетҳои филм дар тамоми ҷаҳон ба беш аз як миллиард доллар расад. Ин рақам филмро ба пурфурӯштарин ва пурбинандатарин филм табдил медиҳад.