Ссылки доступа

Пешрафти артиши Ироқ дар мубориза бо “Давлати исломӣ”


Артиши Ироқ эълон кард, ки назорати шаҳри Рамодӣ - маркази вилояти Анбар, дар ғарби шаҳри Бағдодро дубора ба даст гирифтааст.

Ин нахустин пирӯзии бузург дар якуним соли ҷанг бо гурӯҳи ифротии “Давлати исломӣ” аст, ки дар шимол ва ғарби кишвар минтақаҳои зиёдеро гирифта буд.

Иҳотаи Рамодӣ чанд ҳафта идома дошт ва ахиран артиши Ироқ ба ҳамла гузашта, 27 декабр назорати маҷмааи биноҳои маъмурии вилоятро соҳиб шуд.

Ба гуфтаи низомиён, дар марҳилаи ниҳоии ин амалиёт онҳо бояд ҳамаи нуқтаҳои муқовимати ҷангиён дар шаҳрро маҳв кунанд.

Низомиёни амрикоӣ мегӯянд, эътилоф ба раҳбарии ИМА, ки зидди «ДИ» амалиёти низомӣ анҷом медиҳад, ҳоло наметавонад, пирӯзии артиши Ироқро дар Рамодӣ тасдиқ кунад.

XS
SM
MD
LG