Ссылки доступа

Ҷузъиёти нави суқути ҳавопаймои А32


Бозрасон навъи маводи таркандаи истифодашуда дар бомбаи ҳавопаймои суқуткардаи А321 дар фарози нимҷазираи Синайро мушшахас карданд. 224 нафар қурбонии ин амали террористӣ шуда буданд.

Нашрияи "Коммерсантъ" имрӯз бо истинод ба манбаҳои наздик ба таҳқиқот навиштааст, ки бомбаро бар асоси маводи таркандаи Си-4 сохтаанд, ки дар ИМА дар солҳои 1960 ихтироъ шудааст. Ҳоло навъҳои гуногуни ин маводи таркандаро дар бештаре аз кишварҳо истеҳсол мекунанд. Ба ин хотир пайдо кардани ташкилкунандагон ва иҷрокунандагони ин амали террористӣ душвор аст.

Пештар бозрасон дар тани ҳавопаймоии А321 холигии як метриро ошкор карда буданд. Канорҳои ин холигӣ қат шуда буданд, ки далели таъсири маводи тарканда дониста мешавад.

Ҳарчанд мақомоти Русия суқути ин ҳавопайморо ҳанӯз 17 ноябр амали террористӣ унвон карда бошад ҳам, Кумитаи таҳқиқотии ин кишвар то ҳол дар мавриди амали террористӣ дар дохили ҳавопаймо парвандаи ҷиноӣ боз накардааст.

Мақомоти Миср эҳтимоли амали террористиро рад мекунад. Баъд аз суқути ин ҳавопаймо мақомоти Русия парвози ҳавопаймоҳо ба Мисрро манъ кард.

Ин ҳавопаймо 31 октябр аз Шарм-ул-Шайх ба Петербург парвоз мекарду дар нимҷазираи Синай суқут кард. Бештаре аз 223 кушташуда шаҳрвандони Русия буданд. Масъулияти инфиҷор дар дохили ҳавопаймои русиро гурӯҳи ифротии дар Русия манъшудаи "Давлати исломӣ" ба ӯҳда гирифт.

XS
SM
MD
LG