Ссылки доступа

Туркманистон лӯлаи нави газро боз кард


Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дирӯз гуфт, ки анҷоми сохтмони лӯлаи нави интиқоли газ дар Туркманистон ба ҳамкорӣ бо шарикони аврупоӣ мусоидат мекунад. Бердумаҳаммадов ин нуктаро дар расми ифтитоҳи лӯлаи гази "Шарқ-Ғарб" изҳор дошт.

Лӯлаи гази "Шарқ-Ғарб" конҳои истихроҷи газ дар вилоятҳои шарқии Туркманистонро бо бандарои баҳри Хазар мепайвандад. Дар назар аст, ки ин лӯлаи газ бо арзиши 2,5 миллиард доллар дар оянда бо масири интиқоли гази фаромиллии Хазар (МФХ) пайваст шавад.

Ин тарҳ, ки иҷрои онро Иттиҳоди Аврупо пуштибонӣ карда буд, то ҳол ба сабаби баҳсҳо дар атрофи мақоми баҳри Хазар ва сарпечии Ашқобод аз имзои созишнома бо ширкатҳои энержии хориҷӣ дар бораи тақсими маҳсулот танҳо рӯи қоғаз вуҷуд дошт. Бердимуҳаммадов гуфт, ки дастрасӣ ба гази қисмати шарқии Туркманистон метавонад фаъолияти МФХ-ро эҳё кунад. "Бо анҷоми сохтмони лӯлаи гази "Шарқ-Ғарб" ҳамкорӣ бо шарикони аврупоии мо маънии нав пайдо мекунад", - гуфт Бердимуҳаммадов.

Лӯлаи гази "Шарқ-Ғарб", ки 770 километр дарозӣ дорад, метавонад бо хатти интиқоли газ то Хазар ва сипас ба Русия тавассути Қазоқистон пайваст шавад.

XS
SM
MD
LG