Ссылки доступа

Амрико ҳамкорӣ бо Осиёи Марказиро густариш медиҳад


Департаменти давлатии ИМА гуфт, соле, ки дар ҳоли анҷомёбист, соли пурбори ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ буд. Дар соли 2016 ИМА ҳамкориро бо шариконаш дар ин минтақа густариш хоҳад дод.

Муовини ёвари котиби давлатии ИМА дар масъалаҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Дэниэл Розенблюм гуфт, ИМА ният дорад дар соли 2016 гуфтугӯҳо бо Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Туркманистонро (дар формати С5+1) идома диҳад.

«Мо бо шариконамон ҳамкориро идома хоҳем дод, то ин ки ба зиндагӣ дар чаҳорчӯби С5+1 нафаси тоза бахшем ва самтҳои мушаххасеро барои ҳамкориҳои муштарак пайдо кунем», - гуфт Розенблюм дар як нишасти хабарии кутоҳ рӯзи чаҳоршанбе.

Ба бовари вай, соли 2015 дар бахши ҳамкориҳои ИМА бо кишварҳои Осиёи Марказӣ соли «дастёбӣ ба муваффақиятҳо» буд.

«Мехостам таваҷҷуҳро ба дидори котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ бо вазирони хориҷаи панҷ кишвари минтақа ҷалб кунам. Нахустин мулоқот бо вазирон дар моҳи сентябр дар Ню-Йорк баргузор шуд, дидори тӯлонитар бошад дар моҳи ноябр доир гашт. Ин дидор дар Самарқанд рӯй дод ва эъломияи Самарқандро ба бор овард. Нуктаи дигари хеле муҳим аст, ин аст, ки вазирон тавофуқ карданд, то соли 2016 дар чаҳорчӯби С5+1 мулоқот кунанд. Дар ин формат манфиатҳои умумии минтақа ва ИМА баррасӣ мешаванд», - гуфт Розенблюм.

XS
SM
MD
LG