«Мо аз тарафи худ талош дорем, ки нақшаи аз нав таҷҳизондани нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистонро анҷом диҳем, то ки он ба хатарҳои пайдошуда посух дода тавонанд (дар самти Афғонистон – тавзеҳи идора)”, - гуфт Шойгу, бино бар хабари РИА Новости.
Ба арзёбии Шойгу «таҳдидҳо воқеиянд». «Мо онҳоро дида истодаем. Фикр мекунам, шумо низ онҳоро мебинед», - гуфт вазир. Вай изҳори умедворӣ кард, ки ҳамтоёнаш дар Қирғизистон низ ба гунаи низомиёни рус мушоҳида мекунанд, ки дар канори созмонҳои пештараи террористӣ дар Афғонистон ниҳодҳои ДИ бо теъдоди зиёди ҷангиён пайдо шудаанд. Бо талошҳои якҷоя мо бояд низоми мудофиаи Қирғизистонро дар баробари ин хатарҳоро эҷод кунем”.