«Дар сурати анҷом шудани сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистон барои мо роҳ ба уқёнус боз мешавад. Дар ҳоли ҳозир лоиҳаи сохтмон ҳамоҳанг мешавад»,- гуфт сарвазири Қирғизистон.
Вай афзуд, сохтмони роҳи оҳан ба рушди иқтисоди он кишвар кумак мекунад. Ба ҷуз ин дар доираи лоиҳаи мазкур бунёди инфрасохтори мутаносиб дар назар аст.
Сариев гуфт, ҳамаи ин лоиҳаҳо дар доираи амалигардонии Ҳалқаи иқтисодии Роҳи абрешим дар назар дошта шудаанд.