Дар даргириҳои шарқи Украина беш аз нӯҳ ҳазор нафар ҷон бохтаанд. Иттиҳоди Аврупо барои тамдиди муҳлати таҳримҳо далел пеш овард, ки созишномаи сулҳи Минск то охири сол иҷро нахоҳад шуд.
Тасмими тамдиди таҳримҳоро нахуст 18 декабр сафирони кишварҳои ИА гирифта буданд. Таҳримҳо бахши молия, энержӣ ва иқтисоди ҳарбии Русия ва ҳамчунин бархе аз шахсони алоҳидаро фаро мегиранд.