«Дар созишнома 29 арсаи ҳамгироӣ зикр шудааст. Ин арсаҳо масъалаҳои сиёсӣ ба монанди амнияти байналмиллалӣ, минтақавӣ, халъи силоҳ, масъалаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, рушди инфрасохтор ва масъалаҳои назири фановарӣ, фарҳанг, варзиш, туризм, ҳамкорӣ дар арсаи ниҳодҳои интизомиро дар бар мегиранд», - гуфт Ерлан Идрисов.
Ба иттилои ҷониби Қазоқистон, ҳаҷми тиҷорат бо Иттиҳоди Аврупо дар 11 моҳи соли 2015 қариб ба 50 миллиард доллар расидааст.