Иштирокчиёни эътироз аз баста шудани нуқтаҳои савдо норозианд.
Ба гуфтаи онҳо, бисёре аз тоҷирон аз бонк қарздоранд, ба ҳамин хотир онҳо аз мақомот мехоҳанд, ҳадди ақал то як соли дигар бозорро набанданд.
Чанде пеш шаҳрдори Бишкек гуфта буд, дар ҷойи бозор, ки ҳоло 300 нафар ба тиҷорат машғул аст, барои мошинҳо истодгоҳ месозад.
Хабар дода мешавад, ки эътироз дар назди бинои ҳукумати шаҳри Бишкек идома хоҳад кард.