“Он чи ки ба Украина ва тамоми маҳдудаи шӯравии пешин дахл дорад, ман мутмаинам, ки мавқеи дӯстони ғарбӣ, аврупоӣ ва амрикоии мо на ба ҳифзи Украина рабт дорад, балки онҳо талош доранд, то монеи эҳёи Иттиҳоди Шӯравӣ шаванд. Ва ҳеч кас ба мо бовар кардан намехоҳад, ки мо ҳадафи эҳёи Иттиҳоди Шӯравиро надорем”, - гуфт Путин дар суханронияш бахшида ба сиёсати ҷаҳонӣ.
Равобити Москва ва Ғарб баъди он ки дар моҳи марти соли 2014 Русия нимҷазираи Қрими Украинаро “ғасб” ва дар қисмати шарқии ин кишвар низоъро доман зад, сард гардид. Дар даргириҳои миёни ҷудоихоҳоне, ки аз Русия пуштибонӣ мебинанд ва нерӯҳои Украина аз апрели соли 2014 то кунун бештар аз 9 ҳазор нафар қурбон шудааст. Москва мегӯяд, миллатгароёни украинӣ барои рустаборон ва русзабонҳои Украина, ки дар шарқи ин кишвар зиндагӣ мекунанд, хатар доранд.