Дар баёнияи Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон ҳамчунин зикр мешавад, ки Остона аз пешниҳоди ташкили ҷабҳаи густардаи зиддитеррористӣ бар пояи ойинномаи СММ, ки дар оянда метавонад ҷузъи шабакаи фаромиллиии зиддитеррористӣ шавад, пуштибонӣ мекунад.
Шӯрои Амнияти СММ 18 декабр қатъномаи ҳалли сиёсии мушкили Сурияро якдилона тасвиб кард. Пеш аз ин панҷ узви доимии Шӯро тарҳи ҳуҷҷати пуштибонӣ аз оташбаси Сурия ва нақшаи дусолаи таъсиси ҳукумати ваҳдати миллиро ҳамоҳанг карданд. Интизор меравад, гуфтушуниди мақомоти Сурия ва мухолифон моҳи январи соли 2016 оғоз шавад.