Ссылки доступа

Белорусия ва Қирғизистон -- пешсафони қочоқи сигор ба Русия


Ширкати байналмиллалии таҳқиқотии Nielsen ҳисоб кардааст, ки Белорусия дар заминаи қочоқи сигорҳои худсохт ба қаламрави Русия дар соли 2015 пешсафи мутлақ мебошад, менависад рӯзномаи Известия.

Аз Белорусия ба бозорҳои Русия 20,8 дарсади тамоми маҳсулоти қочоқӣ ворид мешавад. Боз 3,5%-ро маҳсулоти тақаллубии сохти худи Белорусия ташкил медиҳад. Ба ҳисоби коршиносон ин 1%-и тамоми бозори сигори Русияро ташкил медиҳад.

Ҷойи дувум дар воридоти сигорҳои худсохтро Қирғизистон ишғол кардааст, ки 8,19% сигорҳои қочоқиро ворид мекунад. Ҷои севум насиби Қазоқистон бо 8,08% ва ҷойгоҳи чаҳорумро бо 7,77%-и бозори ғайрирасмӣ Украина гирифтааст.

Ба иттилои Nielsen, қочоқ ва моли тақаллубӣ 1%-и бозори сигори Русияро ташкил медиҳанд (0,8% маҳсулоти воридотии қочоқӣ ва 0,2% маҳсулоти худсохт).

XS
SM
MD
LG